[:tj]Бо шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷкистон солҳои охир марзи буми давлат барои халқамон ба кишварҳои дунё кушода шуд. Имрўз мардуми шаҳри Хоруғ дар саросари ҷаҳон кор ва фаолият намуда барои беҳбудии диёри худ саҳмгузоранд.
Яке аз ин ҷавонони шаҳри Хоруғ аз маҳаллаи Мирсаид Миршакар мебошанд, ки барои ҷомеъа, ташаккули насли наврас ва оммагардонии варзиш дар маҳаллаи худ барои ҷавонон варзишгоҳ сохта истодаанд. Маблағгузорӣ барои варзишгоҳ аз тарафи муҳоҷирони Федератсияи Россия, маблағи 37000 (сиву ҳафт ҳазор) рубили русиро ташкил дод.
Чунин иқдомоти нек аз тарафи муҳоҷирони меҳнатии ҷавонон шаҳри баҳри боз ҳам беҳтару зеботар гардондани диёри хеш, барои пешрафти ҷомеа ва барои дигарон як иқдоми хубе ба ҳисоб рафта намунаи аҳли ҷомеаи имрўза ва насли фардо мебошанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Хоруғ [:]