[:tj]19 сентябр дар Хадамоти муҳоҷират семинари машваратӣ дар мавзўи «Ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолияти корӣ дар хориҷи кишвар тавассути субъектҳои хоҷагидор, ки дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират мебошанд» баргузор гардид.
Дар он муовини якуми Сардори Хадамот, роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Зимни баромади хеш муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират иштирокчиёни машваратро хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва банди 44 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2007 №172 «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират бо мақсади муташакилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ ба хориҷи кишавр айни замон ба 12 субъекти хоҷагидор иҷозатнома барои интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар дода шудааст. Аз ҷумла: 5-то субъекти хоҷагидор дар вилояти Суғд ва 7 субъекти хоҷагидор дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда фаъолият доранд.
Дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор 911 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бо ҷои кор таъмин шудаанд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст солҳои охир, бо мақсади батанзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар қонунгузории ин кишвар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд, як қатор талаботҳои нав ҷорӣ гардид.
Дар ин радиф, барои роҳ надодан ба ин гуна омилҳо, роли субъектҳои хоҷагидор дар ин самт хело ҳам муҳим аст. Ташвиқу тарғиби муҳоҷирони меҳнатӣ барои омодагӣ омўзиши касбу ҳунар ва омодагии пеш аз сафари онҳо яке аз масъалаҳои афзалиятноки танзими ин раванд буда, тақвияти бештари корро дар ин самт тақозо дорад, мехостем, ки дар ҳали ин масъала субъектҳои хоҷагидор бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар баробари ин ёдрас менамоем, ки дар моддаи 8 -и сархатҳои 1, 2 ва 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қайд карда шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба он кишварҳое фиристода шаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
– Яъне мавҷуд будани созишномаҳои дутарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа;
– Тартиби интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар танҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои иҷозатномаи (литсензия) Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, анҷом дода мешавад.
Инчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориҷа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди меҳнатӣ) бо корфармо басташуда, шиносномаи хориҷии тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарури раводиди намояндагии дипломати ё идораи консулгарии давлати ҷои кор додашударо дошта бошанд.
Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки дар вақти мавҷуд набудани созишномаҳои дутарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худашон дар хориҷа, бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар сафоратхона ё консулгарии ҶТ дар ҳамон давлат, вобаста ба маҳалли истиқомати муваққатӣ дар асоси пешниҳоди хаттии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шавад. То ки сафоратхона ё консулгарии ҶТ аз аҳволи минбаъдаи он муҳоҷирон бархурдор бошад.
Аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидор хоҳиш карда шуд, ки дар вақти фиристонидани муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба хориҷа ва бозгашти онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Сипас директори генералии ҶДММ “Маркази байналхалқии кадрҳо “Имон” Икром Шарипов баромад намуда арз намуд, ки ҳанўз проблемаҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ зиёданд. Вақти он расидааст, ки ин камбудиҳоро дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷират ҳал намоем.
Дар баромади худ директори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Суҳроб Тошев мухтассар дар бораи фаъолияти Марказ ба ҳозирин маълумот дод. Ў пешниҳод намуд, ки ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, ки ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолияти корӣ дар хориҷи кишварро доранд ҷамъ шуда, бо маслиҳат мушкилиҳои пешомадаро ҳал кунанд.
Инчунин таклиф шуд, ки як Шўрои ҷамъиятӣ низ ташкил карда шавад.
Дар фарҷом иштирокчиёни машварат аз фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуда, синфхонаи онро дидан намуданд.
Анвар Юсупов
хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”[:]