Семинар-тренинг дар мавзӯи “Омӯзиши Дастурамали кормандони бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди кор дар самти қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба шаҳрвандон, алалхусус ба муҳоҷирони меҳнатӣ  рӯзҳои 23-24 апрели соли равон бо кормандони масъули шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд  семинар-тренинг дар мавзӯи “Омӯзиши Дастурамали кормандони бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд” баргузор гардида истодааст.

23 апрел дар “Кохи матбуот”-и шаҳри Хуҷанд семинар-тренинги мазкур оғоз гардида, дар он кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, намояндаи Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

 

Дар назди иштирокчиёни семинар-тренинг намояндагони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират баромад намуда, ибтидо масъалаи ба расмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва муҳтавои дастурамалро ба ҳозирон муаррифӣ намуд.

Сипас, намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кори семинар-тренингро оғоз намуда, дастури методӣ ва моҳияту мазмуни онро ба ҳозирон фаҳмонид.

Дастури методӣ бо дастгирии Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҷиҳати истифодаи хизматии масъулини Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавии он пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз таҳияи он роҳнамоӣ ва расонидани кӯмаки методӣ дар танзими равиши қабул ва маслиҳатдиҳии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пас аз бозгашт ба Ватан буда, роҳҳои муносиби ҳалли масъалаҳои гуногуни ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дахлдоштаро нишон медиҳад.

Дастури методӣ мақсаднок бо забони содда ва мантиқан фаҳмо таҳия карда шудааст. Бешак, он барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ба муроҷиаткунандагон-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пас аз бозгашт ба Ватан мусоидат хоҳад кард. Дастури методӣ  аз 4 қисм иборат буда, ҳар қисм ба яке аз ҷанбаҳои муҳими хизматрасонӣ ба муҳ оҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Минбаъд дар ҳама сохторҳои Хадамоти муҳоҷират фаъолият дар самти қабули муроҷиаткунандагон тибқи “Дастури методӣ” ва “Китоби бақайдгирии муроҷиати шаҳрвандон” ба роҳ монда мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо