Семинар-тренинг дар ноҳияи Мурғоб

[:tj]Чанде пеш бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб семинар-тренинг дар мавзўи «Равиши муҳоҷирати меҳнатӣ» баргузор гардид.

Дар семинар зиёда аз 20 нафар роҳбарони муассисаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо иштирок намуданд. Баромадкунандагон оиди масъалаҳои мафҳуми умумии муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ барои будубош дар қаламрави Федератсияи Россия, асосҳои қонуни манъи вуруд ба кишвари Россия, ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар давлати қабулкунанда, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки семинар-тренинг ба таври суҳбати умумӣ, мустақилона, гурўҳӣ ва муҳокимаи презентатсияи гурўҳҳо гузаронида шуда, иштирокчиён аз ҳуҷҷатгузорӣ барои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия огаҳ шуданд.

Семинар-тренинги мазкур дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб чор рўз идома кард.

                                                                       Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират                                                                                                дар ноҳияи Мурғоб[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо