Семинар-тренинг: Муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа

Дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират семинар-тренинг дар мавзӯи «Муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа тавассути суъбектҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинар-тренинг Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, координатори Маркази захиравии муҳоҷирон (МЗМ) дар шаҳри Душанбе Толиб Шарипов, намояндаи ICMPD дар Тоҷикистон Гулазор Гулмамадова, намояндаи MIEUX+ Анна Меленчук тавассути онлайн ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ширкат варзиданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ дар назди ҳозирин Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир баромад намуда, иштирокчиёни семинар-тренингро хайрамақдам гуфта, бо гузориши таҳлилӣ вобаста ба муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ки ба интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷа машғул мебошанд шунида шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки мутаассифона, то ҳол корҳо дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ки дар ин самт машғули кор мебошанд, натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд ва дар рафти фаъолияти меҳнатии онҳо ва дигар мушкилотҳои ҷойдошта ба назар мерасад.

Дар баромадаш Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза Анвар баромад намуда, қайд карданд, ки масъалаи имрӯза, ки мо мавриди муҳокима қарор додем, масъалаи муҳим мебошад, зеро муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандон барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар яке аз роҳҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ маҳсуб ёфта, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Бояд гуфт, ки теъдоди асосии муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷа ба давлатҳои ИДМ нигаронида шудааст, ки дар миёни онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ асосан ба Федератсияи Россия зиёда аз 95% сафар мекунанд.

Омили асосии муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумҳурӣ ба ФР бартарии иқтисоди Россия дар муқоиса ба дигар давлатҳо-аъзои ИДМ, мавҷудияти диаспораҳову ташкилотҳои фарҳангии тоҷикон дар ин кишвар ва донистани забон ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф, соли 2019 бо Федератсияи Россия, ки давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди ФР ба имзо расонида шуда, соли 2020 ба тасвиб расид. Айни замон, бо мақсади татбиқи Созишномаи болозикр аз ҳисоби мутахассисони сохторҳои дахлдори Тарафҳо гурӯҳи кории муштарак ташкил ва барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид, – афзуд Нодирӣ Шаҳноза Анвар.

Сипас, дар мавзӯи «Дастури методӣ оид ба омодагии асосӣ ва раҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷа» кооординатори Маркази захиравии муҳоҷирон (МЗМ) дар ш. Душанбе Толиб Шарипов муфассал дар бораи Дастури методӣ сухан гуфта, қайд карданд, ки Дастур мақсаднок бо забони содда ва мантиқан фаҳмо таҳия карда шудааст, ки он барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷ ва пас аз бозгашт ба Ватан мусоидат хоҳад кард. Дастури методӣ аз 4 қисм иборат буда, ҳар кадом ба яке аз ҷанбаҳои муҳими хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Инчунин, дар мавзӯи «Дастури методӣ оид ба омодагии махсус ва раҳнамоӣ барои муҳоҷирон» намояндаи ICMPD дар Тоҷикистон Гулазор Гулмамадова ва намояндаи MIEUX+ Анна Меленчук тавассути онлайн баромад намуданд.

Дар ҷамъбасти семинар-тренинг муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда тавассути саволу ҷавоб анҷом дода шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо