[:tj]Яке аз самтҳои асосии фаъолияти намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ин ҷалби потенсиали ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон бобати таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни халқияту миллатҳои муқими Россия, тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги миллӣ дар кишвари иқомат, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию ифротгаро, профилактикаи бемориҳои сироятӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон ба шумор меравад.
16 феврали соли 2019 дар шаҳри Новосибирск бо ибтикори Консулгарии генералӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва ширкати роҳбарону фаъолони як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони минтақаи Сибир, аз ҷумла раиси ҷамъияти тоҷикони Новосибирск «Дружба» Сияршо Абдуҷабборов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Исфара»-и Новосибирск С. Амонов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Тоҷикони Бадахшон»- ш.Новосибирск А. Мамадризобеков, муовини раиси маркази тиҷоратии «Хилокский» И. Киборов, муовини маркази савдои «Левобережний» Ш.Баҳодуров, муовини сардухтури клиникаи профилактикӣ-табобатии ҶДММ «СВ-Профи Плюс» И. Маҳмадҷонов ва дигарон мулоқот баргузор шуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2018 ва нақшаву вазифаҳо барои соли 2019, ба хусус таҳкими корҳои таблиғотию тарғиботӣ дар робита ба пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию ифротгаро миёни муҳоҷирони ҷавон ва донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуданд. Иштирокдори вохӯрӣ аз иқдомоти собиқ аъзои ҳизби наҳзати ислом, ки изҳори пушаймонӣ карда, ба ватан баргаштаанд, дастгирӣ намуда, чунин амалҳоро боиси ибрат барои бархе аз нафарони дар саргаҳи шубҳа дармонда арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон имкони хуб барои чунин афроди раҳгумзада фароҳам овардааст ва онҳо бояд аз чунин имкони мусоид истифода баранд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи баргузории Наврӯзи байналмиллалӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати истиқболи сазовори ин иди бостонӣ, ки тарғибгари беҳтарин намунаҳои фарҳангу тамаддуни оламшумули аҷдодиямон ба шумор меравад, изҳор намуда, таъкид доштанд, ки дар баргузории он дар минтақа саҳми муносиби худро мегузоранд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар манотиқи дигари Федератсияи Россия низ гузаронида мешаванд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират
[:]