Сипосгузор аз дастгирии Хадамоти муҳоҷират

[:tj]21 сентябри соли љорї ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кӯмаки навбатии Хадамоти муҳоҷират дастрас гардид.

Ин навбат барои Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ба миқдори зиёд мизу курсӣ, ҷевон, таҷҳизоти гарму хунуккунанда, маводҳои конселярӣ ва барои 51 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар ноҳияи Зафаробод шаҳодатнома ҷудо шудааст.

Чуноне, ки сардори Раёсат З. Шарифӣ иттилоъ дод, дастгирии навбатии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират боиси қаноатмандӣ ва хурсандии кормандони дастгоҳи Раёсат ва сохторҳои зертобеи он гардида, ҳамагон изҳори сипосу миннатдорӣ менамоянд.

Кӯмаки дастрасгардида дар асоси дархостҳои қаблан додашуда дар байни шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо тақсим мешавад ва бевосита ба боз ҳам беҳтар шудани шароити кор ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон мусоидат менамояд.

                                                               Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо