Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе-Минск-Душанбе қарор қабул кард

[:tj] 

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе-Минск-Душанбе 21 ва 27 сентябри соли 2020 қарор қабул кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Парвозҳои чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин теъдоде аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст»,- таъкид шудааст дар хабари Вазорат. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи беҳдоштию эпидемиологиро риоя кунанд.

Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани билетҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.

Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (ПЦР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо