[:tj]Дар самти ташвиқоту тарғибот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳољирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо тибқи анъана бо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеа ҳамкорӣ карда истодааст. Далели ин гуфтаҳо ҳамагӣ чанд рўз пеш ба имзо расии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо мебошад.
Тибқи ин Созишнома ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» ба шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, чанд намуд хизматрасонии тиббию ташкилиро ба таври ройгон пешниҳод менамояд. Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд дар курсҳои кўтоҳмуддати ташкил намудаи ТҶ «Амали нек» ба таври ройгон касбу забон омўзанд.
Ташкилу гузаронидани аксия, тақсимоти маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва ташхисҳои оҷилии тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва терминалҳои нақлиётӣ аз ҷумлаи корҳои асосии ба нақшагирифташуда мебошанд, ки давра ба давра роҳандозӣ мешаванд.
Аз ҷумла оғоз аз ҳафтаи оянда дар истгоҳи роҳи оҳан ва истгоҳи нақлиёти автомобилии «Роҳи Абрешим», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, чорабиниҳои мазкур оғоз гардида, марҳила ба марҳила то Рўзи байналмилалии муҳоҷир идома меёбанд.
Мардон Қурбонов
[:]