СОКИНОНИ МАРКАЗИ НОҲИЯ ОГОҲОНИДА ШУДАНД

[:tj] 

Чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатии ташкил намудаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ ин навбат дар маркази Ҷамоати деҳоти Айнӣ, ки ҳамзамон маркази ин ноҳияи баландкӯҳ ҳам мебошад, гузаронида шуд. Дар ташкил ва гузаронидани он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоати деҳот бо бахш ҳамкорӣ намуданд.

Чуноне ки мудири бахш Б. Ғайбуллоев баён дошт, ин мулоқот тибқи нақша ба мавзӯи пешгиргирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва муҳоҷирати бехатар бахшида шуда бошад ҳам, дар рафти он мавзӯи мубориза ва муқовимат  бо ҳама хатарҳои ҷаҳони муосир, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии диёр ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар назди ширкаткунандагони чорабинӣ асосан мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Б. Ғайбуллозода ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳия С. Почоев суханронӣ намуданд. Дар рафти суҳбати озод маърӯзачиён ба саволҳои додашуда ҷавоб доданд ва ба онҳо маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба муҳоҷирати бехатар дастрас шуд.

Чорабиниро амини маҳалла аз деҳаи Айнӣ М. Акбаров ҷамъбаст намуд ва ба ташкилкунандагони он миннатдорӣ баён кард.

Ҳангоми барои чоп омода намудани ин хабар аз ноҳияи Айнӣ иттилоъ доданд, ки 23-юми май, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бахши Хадамоти муҳоҷират дар Ҷамоати деҳоти Урметан низ бо ҷалби наздик ба 100 нафар шаҳрвандон чунин мулоқот доир намуд.

 

                                                                            Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар ноҳияи Айнӣ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо