Сол аммо соли ноором буд

[:tj]Деҳаи Миденшарв дар баландӣ ҷой гирифтааст. Он солҳо 14 буна дошт. Хабари шуми ҳуҷуми аҳдшиканонаи германияи фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шўравӣ, ба ҳамаи гўшаю канори кишвар барқсон паҳн шуд. Халқи заҳматкаши тоҷик аз азобу шиканҷаи тоинқилобӣ нав қоматашро рост карда буд, ки балои нав ба сараш рехт. Ҷанг воҳимаю даҳшати худро дорад. Ҳар кас ба фаҳму даркаш таъбир мекард. Ба қавли ўстод Мирсаид Миршакар «Сол аммо соли ноором буд».

Субҳи як рўз хатбар Раҳим аз комиссариати ҳарбӣ ба номи ҷавонони навхати деҳа Тилло Абдураҳмонзода, Риҷаб Шобойзода, Лутфишоҳ Ғуломшоҳзода, Нуруллобек Қишқорзода даъватнома овард. Ришсафедони деҳа бо ҳадяҳо ба ҳар яки онҳо баҳри ҳифзи хоки Ватан дуои хайр доданд. Моҳи октябри соли1943 номи Имомбердӣ Худобердизодаю Мирзовафо Аламшоҳзода ҳам даъватнома омад. Имомбердиро бо сабаби парастории мўйсафед Убайдуллоҳ, ки синнаш ба ҷое расидааст, аз хизмат ҷавоб доданд. Амаки Имомбердӣ зимни як сўҳбат гуфтанд, ки як қисмати одамон сабаби аз армия ҷавоб шудани маро дигар хел фаҳмида, дар суҳбат маро баъзан бо киноя паст мезаданд. Амаки Қозибек саркардаи деҳа буд. Он кас ба ман гуфтанд, ки муроқибату парасдории шумо нисбати аккаи Убайдуллоҳ низ як вазифаи фарзандӣ аст. Агар падару модар ва бузургонамонро парасторӣ накунем, хиёнаткори ватан ҳастем. Аз ин суханони меҳромези амаки Қозибек рўю илҳоми тоза гирифта, даст ба парастории мўйсафеду кори саҳро задам.

Солҳои ҷанг паси сар шуданд. Халқи заҳматкаш шабу рўз нимгуруснаву нимбараҳна дар саҳрои колхоз баҳри ғалабаю рўзгори хеш заҳмат кашиданд, зеро фронт фронти меҳнатӣ ҳам буд. Ниҳоят 8-уми майи соли 1945дар Карлехорсти наздикии Берлин ба акти бечунучарои таслимшавии Германия имзо гузошта шуд. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба итмом расид.

Аз фарзандони ба ҷанг рафтаи деҳа ягон хату хабар наомад. Бо супориши мақомоти болоии ноҳия ба хотири рўҳафтода нашудани мардум чанд номаи сиёҳи аз фронт омадаро махфӣ нигоҳ медоштаанд. Дар як рўзи тобистон гурўҳи одамони низомипўш ба деҳа омада, ба хонаи Лутфишоҳу Нуруллобек, Тиллою Риҷаб, Гулбердӣ даромада, ба волидонаш аз боби ҷонисории фарзандони шуҷои Ватан хабар ддоданд. Мотам ба по хест. Ба номи шаҳидон расму русуми «Чароғравшан»-ро анҷом доданд. Аммо аз Мирзовафои ҷавон хату хабаре набуд.

Модари Сифатмоҳ ягона писараш Мирзовафоро бо қалби поку нияти хайр ба ҷабҳаи набард гусел карда буд. Мегўянд ин зани сиришки поку худошинос ҳар субҳу шом дар адои намоз ба номи фарзандаш хайроти зиёд кардааст. Ҳалимиву хоксорӣ ва меҳрубонии модари Сифатмоҳ аз ҳудуди ноҳия берун рафта буд. Ў табиби ҳозиқи халқӣ ҳам буд.

Шикасту банд, гулаку нағзак, зардпарвину касалиҳои пўст ва дигар дардҳоро табобат мекард. Маризон дар ҳаққашон дуои хайру баракат мекарданд. Ягон бор дар фироқи ҷигарбандаш оби дидаро нарехтааст. Имонаш қавию дилу ботинаш ҳамвора дар зикри Худо банд будааст.

Дар яке аз рўзҳои сайид зиндаю саломат омадани фарзандашро ба модар хабар медиҳанд. Мегўянд бо тамкину имони хоси бандагӣ рў ҷониби само карда, ба Худованд шукргузорӣ мекунад ва ба табрикомадагон арз мекунад, ки аз Худованди олам умеду армони калон доштам, ки фарзандам зиндаву саломат аз домани оташи ҷанг ба пешам баргардад ва орзуи маро Офаридагор ҷомаи амал пўшонд.

Мирзовафо Аламшоҳзода рўзи мубораки ғалабаро дар дили Ватан шаҳри Москва истиқбол кард. Аз ҳафт ҷавони ба майдони набард рафта танҳо Мирзовафо бо синаи пури ордену медал ба зодгоҳ баргашт. Ҷанговари дар кураи оташини ҷанг обутобёфтаро муаллими фанни тайёрии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таъин намуданд.

Омўзгори мушфиқ, мураббӣ, падари дувоздаҳ фарзанди соҳибмаълумоту соҳибкасб зиндагии баъдиҷангиро низ бо камоли баланди инсонӣ сомон дод. Зиндаёд барои мизоҷони зиёд сару либоси шинамро дўхта дод. Чун устоди кордида аз маслиҳат мепурсиданд. Ба қавле дар маъракаҳо гули сари сабад буд.

Шогирдону зиёиёни ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар хизматҳои арзандаи Мирзовафо Аламшоҳзодаро дар ҷангу меҳнати босуботи баъдиҷангиаш ба назар гирифта, ба мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва ВМКБ дархост пешниҳод намудаанд, ки мактаби деҳа, ки чандин солҳо ба фарзандони меҳнаткаш аз фании ҷасорату мардонагӣ таълиму тадрис кардаанд, ба номаш гузошта шавад. Ин иқдоми хайр аз ҷониби ду мақомот бо камоли эҳтиром дастгирӣ ёфт ва мактаби №17-уми зодгоҳаш ба номи мубораки ҷанговар ва омўзгори асил Мирзовафо Аламшоҳзода номгузорӣ шуд.

Аъмолномаю синаи пури ордену медали зиндаёд дар саҳни таълимгоҳ гувоҳи гуфтаҳои сатрҳои ин матолибанд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накўном зист,

К-з ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

                                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират                                                                                                   дар ш. Хоруғ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо