[:tj]Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва шуъбаю башҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо дар асоси барқияи фаврии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №7/1160 аз 01.05.2018 дар самти роҳандозии корҳои иттилоотӣ оид ба хатарҳо сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти худро густариш дода истодаанд.
Аз ҷумла, 7 май аз ҷониби гурўҳи ташвиқотии шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо аҳли ҷомеа мулоқот доир гардид. Чорабинӣ дар толори МТМУ №7 ҷараён гирифта, зиёда аз 70 нафар сокинони маҳаллаҳои Суғдиён, Ваҳдат, Чашмаи Арзан, Навбаҳор, Дўстии халқҳо, омўзгорон ва хонандагони синфи 11 муассисаи таълимии мазкурро ба ҳам овард.
Дар назди ҳозирин сарвари дабистон М. Раҳимова, кормандони шуъба И. Тўраева Д. Раҳматзода ва мутахассиси МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» Н. Ҳусаинова суханронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо дар радифи пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО дигар мавзўъҳои доғӣ вобаста ба муҳоҷират низ баррасӣ шуданд.
Ҳамин гуна чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ 13 май дар шаҳри Исфара низ гузаронида шуд. Чуноне мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ин шаҳр Ғайрат Бобоев иттилоъ дод, дар самти бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва ба самъи шаҳрвандон расонидани матни муроҷиатномаи аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида рўзномаи шаҳрии «Насими Исфара» ва ТВ «Исфара» ҳам саҳми худро гузошта истодаанд.
Мардон Қурбонов[:]