Супосгузорем аз ҳамкориҳои судманд

[:tj]Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохўрӣ бо зиёиёни кишвар ҳамеша таъкид мекунад, ки ҷавонони мо бояд соҳибкасб бошанд.

Аз ин лиҳоз ҷавононро бояд ба курсҳои касбомўзие, ки аз ҳисоби Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд,ҷавонони бекорро бояд ҷалб намоем аз он ҷумла муҳоҷирони бозгашатаро низ.

Маркази машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар ВМКБ фаъолияти кории худашро дар ноҳияи Ишкошим бо Агентии шуғли аҳолии ноҳия, Маркази таълимии калонсолон ва инчунин бо,Ташкилоти Ҷамъиятии байналмилалии Хайротии “Ҷовид” ба роҳ мондааст.

Дар соли 2019 дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим 15-то курсҳои касбомӯзи барои ҷавонони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба нақша гирифта шуда амалӣ гашданд, курсҳои касбомӯзї аз қабили сохтмончї, боғдорӣ, корманди  гармхона, замбури асалпарварї , ќанодӣ, дузандагӣ, картошкапарварӣ, бофандагӣ, тоқидузӣ ва ғайра. Дар маҷмӯъ 215 нафар ҷавонон соҳиби касбҳои гуногун гаштанд ва дорои шаҳодатнома мебошанд, қисми зиёдашон аллакай мувофиқи касбашон дар ноҳия фаъолият карда истодаанд. Аз тарафи ташкилоти Ҷамъиятии байналмилалии Хайротии “Ҷовид” ба касбомўзон барои давом додани фаъолияти кориашон ройгон таҷҳизотҳо дастрас карда шуданд. Дар соли 2019 дар ноҳияи Ишкошим дар Агентии шуғли аҳолии ноҳия 6-то ярмаркаи ҷойҳои кори холи баргузор гардиданд, ки зиёда аз 100 нафар корҷӯён бо ҷойҳои кории мавсимї ва доимї таъмин гардиданд.

Барои ҳамкории зич дар фаъолияти корӣ минатдории хешро ба сардори Агентии шуғли аҳолии  ноҳия Набиев Ҷумъа, сармутахассиси “Маркази таълимии калонсолон” дар ноҳия Некқадамов Иқбол, Раиси Ташкилоти Ҷамъиятии байналмилалии Хайротии “Ҷовид” Нурмамадов Рамазон ва намояндаи Литсеи касби техникии ноҳияи Шуғнон дар ноҳияи Ишкошим Ҳоҷихонов Шодӣ изҳор менамоем ва дар оянда умедворем, ки ин гуна ҳамкориҳо боз хубтару беҳтар ба роҳ монда хоҳанд шуд.

                                                             Шероз Малакбозов

                                      мутахассиси МД  “Маркази машварти  ва омодагии

                                      пеш аз сафари        муҳоҷирони меҳнатӣ”дар ВМКБ   [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо