Суҳбати мустақими интернетии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ муҳтарам Гулрӯ Ҷабборзода ба намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ

[:tj]Имрўз дар арафаи таҷлили Наврузи байналмилалӣ аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулрў Ҷабборзода бо як қатор роҳбарону фаъолони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Федератсияи Россия ва ҷумҳурии қазоқистон аз ҷумла, роҳбарони Ташкилоти ҷамъиятии «ҷамъияти фарҳанги тоҷикӣ» вилояти Твери Федератсияи Россия Эмом Хушаков, Ташкилоти ҷамъиятии «Дидор» ш. Екатеринбурги Федератсияи Россия Мастибегим Ошурбекова, ташкилоти ҷамъиятии «Ваҳдат»-и шаҳри Сургути Федератсияи Россия Аминов Файзулло, ташкилоти ҷамъиятии «Тоҷикони Шарқи Дур»-и вилояти Хабаровски Федератсияи Россия ғафурова Моҳтоб, Рўзноманигори ВАО-и ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Боқиева Садбарг, ноиби Роҳбари анҷумани фарҳангӣ – иҷтимоии иттиҳодияи тоҷикони қазоқистон «Сомониён»-и ҷумҳурии қазоқистон Валиев Иноятуллохон суҳбати мустақим баргузор гардид.
Сараввал Вазир аз номи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорат роҳбарону намояндагони диаспораҳо, ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи кишварро бо фарорасии Наврузи байналмилалӣ муборакбод намуд.
Бояд қайд намуд, ки зимни суҳбати мазкур ҳамкории вазорат бо диаспораҳо, ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи кишвар, нақши онҳо дар ташаккул ва инкишофи арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони мардуми тоҷик дар хориҷи кишвар, ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, баланд бардоштани потенсиали диаспораҳо, ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи кишвар ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ барои таъмини рушди устувори ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ, нақши диаспораҳо дар самти дарёфти ҷойҳои нави кори бехатар, пешниҳодҳо дар самти самаранокии фаъолияти вазорат ва сохторҳои дахлдори он, баланд бардоштани ҳисси ватандориву меҳанпарастӣ дар байни муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирон барои шомил нагардидан ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, бурдани корҳои иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар доир ба пешгирии мубталошавӣ аз бемории каронавирус ва дигар масаълаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин, аз ҷониби роҳбарону фаъолони диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз Федератсияи Россия ва ҷумҳурии қазоқистон фикру мулоҳизаҳо оид ба мушкилоти ҷойдошта дар ҳаёту фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, таклифу пешниҳодҳои худро баҳри рафъи онҳо манзур намуданд, аз ҷумла:
– тақвияти ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Федератсияи Россия;
– таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар назди вазорат;
– ташрифи роҳбарияти вазорат ба минтақаҳои дурдасти ФР, ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо кору фаъолияти диаспораҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта;
– дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқӣ муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷТ дар ин давлатҳо.
ҷиҳати андешидани чораҳои саривақтӣ барои дар амал татбиқ намудани таклифу пешниҳодҳои дар ҷараёни суҳбат баёнгардида Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Г. Ҷабборзода ба масъулини марбутаи вазорат дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо