[:tj]
23 июни соли ҷорӣ суҳбати онлайни муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) доир гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни вазорат ва Дафтари СММ, инчунин мукаммал намудани ҳамкорӣ дар самти дастгирии кўдакону наврасон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба ҳаёти кўдакону наврасон, бахусус дар Ховари Миёна ва Шарқи Миёна ва кишварҳои дар оташи ҷангу низоҳо қарордошта таваҷҷўҳ намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва фароҳам овардани шароити хубу зиндагии шоиста ба кўдакону наврасон табодули афкор сурат гирифт.
Дар робита ба ин, аз ҷониби Нурулло Маҳмадуллозода вобаста ба чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кўдакон иттилоъ дода шуд. Қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расида истодаанд, ки ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кўдакону наврасон ва ояндаи миллат равона шудаанд.
То ба имрўз аз ҷониби Тоҷикистон як зумра конвенсияҳо ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) ба тасвиб расидаанд, ки ба масъалаҳои манъи меҳнати кўдакон ва танзими меҳнати наврасон вобастагӣ доранд. Барои татбиқи ин санадҳо аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Қайд гардид, ки дар вазорат Бахши мониторинги меҳнати кўдак фаъолият менамояд, ки вазифаи таҳия ва татбиқи системаи мониторинги меҳнати кўдакро бар ўҳда дорад. Дар ин самт вазорат пайваста кор бурда, баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат ба наврасон пайваста чорабиниҳои мухталиф ва инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба хавфу хатарҳои экстремизм ва терроризм баргузор менамояд.
Аз ҷониби ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти марбута баҳои баланд дода шуда, барои ҳамкориҳои минбаъда бо вазорат бахусус дастгири техникӣ, таҳияи маводи таблиғотӣ ва табодули таҷриба изҳори омодагӣ карда шуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъдаи судманди дуҷониба ба мувофиқа расиданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[:]