Субҳи 30 апрели соли равон зимни сафари корӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир бо сокинони ноҳияҳои Шаҳритӯсу Носири Хусрав суҳбату мулоқотҳо доир намуд.
Бояд қайд кард, ки мақсад аз сафари гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ин сода ва оммафаҳм маълумот пешниҳод намудан ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъӣ ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемия COVID-19» мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур баргузор шуд, Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир доир ба қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Федератсияи Россия сухан гуфтанд.
Аз ҷумла, аз сокинони ноҳияҳо хоҳиш намуданд, ки хешутабор ва ёрону дӯстони худро, ки айни замон дар кишвари Россия қарор доранд, огоҳ намоянд, то ин ки онҳо аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Федерастияи Россия муроҷиат намоянд ва нусхаи корти муҳоҷиратӣ гирифта, худро аз сари нав ба қайди муҳоҷиратӣ монанд. Дар ин баробар иҷозатномаи корӣ барои фаъолияти меҳнатӣ, яъне патент дастрас намоянд. Агар ин амал барои буду боши қонунӣ аз ҷониби шаҳрвандон иҷро нагардад, пас аз моҳи июни имсол бо ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври «автоматӣ» вуруди чунин муҳоҷирон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ мегардад.
Чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд дар ин самт аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.