Чун анъана бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳо кормандони ниёзманд дастгирӣ карда шуда, бо туҳфаҳои моливу пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Бо ин мақсад рӯзи 19 июли соли 2021, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бахшида ба Иди Саиди Қурбон бо кормандони бахши хизматрасонии вазорат вохӯрӣ баргузор намуд.
Амонзода Ширин Шодӣ ҳамаи кормандонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон табрику муборакбод намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуда, таъкид кард, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро риоя намоянд.
Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба кормандони ҳайати хизматрасон ба муносибати Иди Саиди Қурбон туҳфаҳои пулӣ ва молӣ супорида шуд.