Таваҷҷуҳ: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вориди Россия нашаванд

         Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват карда зимни хариди чиптаи самти Душанбе – Москва ҳушёр бошанд ва ба доми қаллобон наафтанд.

         Вазорат хотиррасон мекунад, ки парвозҳои мустақим ба шаҳри Москва танҳо тавассути ду ширкати ҳавоӣ: “Сомон – эйр” ва “ЮтЭйр” ҳафтае якмаротибаӣ ба самти Душанбе – Москва – Душанбе сурат мегирад, ки нархи сафар аз ду ҷониб бояд 500 доллари амрикоиро ташкил диҳад.

         Ва парвозҳои чартерии ширкати “Уральские авиалинии” танҳо барои кашонидани шаҳрвандони Федератсияи Россия ва муҳоҷирони асосдошта роҳандозӣ шудааст.

         Ин ширкат ба 7 шаҳру вилояти Федератсияи Россия парвоз мекунад ва арзиши чиптаҳои ҳавоӣ ду баробар нисбат ба чиптаҳои ҳавоии мустақим зиёд мебошад.

         Дар ин замина, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони даъват мекунад, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намуда, зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии “Уралские авиалинии” ба доми қаллобон гирифтор нашаванд, зеро ки баъди ворид гардидани шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Федератсияи Россия барои онҳо мушкилӣ пеш меояд.

         Ҳамчунин, аз шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши кор кардан дар Россияро доранд даъват кардааст, ки ба Хадамоти муҳоҷират ва Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.

         Бори дигар таъкид менамоем, ки тибқи талабот, мусофирони интиқолшаванда бояд маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он набояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 надоранд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо