ТАВАҶҶУҲ: то 30 сентябри соли 2021 худро расман ба қайд гиред!

Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият намуда, мувақатан зиндагӣ доранд, расонида мешавад, ки бо Фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» аз 15 июни соли 2021, №364 муҳлати буду бош ва расмикунонии фаъолият дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шуд.

Аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо