“Таваҷҷӯҳ” ба муҳоҷирони меҳнатӣ

[:tj] 

 

“Таваҷҷӯҳ” дар радифи “Печутоби зиндагӣ” яке аз барномаҳои ҷолиби маърифатии телевизиони “СМ – 1” буда, ин симои мустақил ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату дониши аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлубу хатарҳои замони муосир эътибори махсус медиҳад.

Маҳфили навбатие, ки дар доираи барномаи маърифатии “Таваҷҷӯҳ” таҳти унвони “Муҳоҷирони меҳнатӣ – қисми осебпазири ҷомеа” доир гардид, ба мавзӯи муқовимат бо терроризму экстремизм бахшида шуд. Дар он ба ҳайси коршинос муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Ҷаббор Расулов, як нафар устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Диловар Муродов иштирок намуданд.

Барандаи маҳфил – рӯзноманигори варзида Илҳом Ҳошимов мавзӯи мазкурро ба риштаи таҳлил кашид ва коршиносон перомуни он андешаҳояшонро баён доштанд. Аз ҷумла, Диловар Муродов таъкид кард, ки ягон нафар бо мақсади террористу экстремист шудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ намеравад. Вале дур аз манзилу макони аҷдодӣ эҳтимоли сари ҳар қадам ба доми хоинону ватанфурӯшон ва душманону бадхоҳони башарият афтодани муҳоҷирони меҳнатӣ мавҷуд аст. Бинобар ин, падару модар, зану фарзанд ва дигар хешону наздикон бояд бо муҳоҷирони меҳнатӣ робитаро гум накунанд, дар алоқа бошанд ва мунтазам аз ҳолу аҳволашон бохабар шуда истанд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо