[:tj]Ҳафтаи сипаригашта дар толори Кумитаи андози ноҳияи Шуғнон вохўрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохўрӣ қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар аснои баррасии қонуни мазкур бисъёре аз иштирокдорон ибрози ақида намуда ҳамаи иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки қонуни мазкур, ки бо тағйиру иловаҳояшон аз тарафи ҳокимияти қонунбарори давлат тасдиқ гардида бо интишори нав ба тасвиб расид, ба тағозои давр мувофиқ ва айни муддао мебошад, ки ба паст кардани сатҳи камбизоати ва беҳсозии некуаҳволии табақаҳои ниёзманд равона гардидааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия тасмим гирифт, ки минбаъд дар вохўри бо сокинони ноҳия, алалхусус ҷавононе, ки азми сафар ба давлатҳои хориҷӣ доранд ва тўи арўсиву домодиро дар он ҷо мегузаронанд, оиди роҳ надодан ба исрофкорӣ дар ин маъракаҳо қонуни болозикрро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияиШуғнон[:]