[:tj]
Бо амри раиси ноҳияи Варзоб гурўҳи корӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми сентябри соли 2019, № 1356 дар байни ҷавонону наврасон, занону бонувон ва аҳолии деҳоти ноҳияи Варзоб, инчунин гузаронидани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ва деҳаи Кондара тариқи гардиши хона ба хона дар байни сокинон вобаста ба масоили доғи рўз, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатии бехатар, таҳкими оилаю оиладорӣ, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва бемориҳои сироятӣ корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бурданд.
Дар умум гурўҳи корӣ дар деҳаҳои Карзоб-Қалъа ва Кондара 128 оила ташриф оварда мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти гардиши хона ба хона тибқи маслиҳату насиҳат ва корбарии аъзои гурўҳи корӣ бо аҳолии ҷамоат оиди дар сатҳи зарурӣ гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии ноҳия, будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа ба гуруҳҳои терорристиву экстремистӣ ва доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам ВНМО ва сил дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир мулоқотҳо гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқотҳо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Орифҷон Олимзода оид ба муҳоҷирати бехатар суханронӣ кард.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб[:]