Тартиби баргузории ҷашну маросимҳо

1 июн дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират хониши идоравӣ доир ба тартиби баргузории ҷашну маросимҳо мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар хониши мазкур намоянда аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Диловар оид ба тартиби баргузории ҷашну маросимҳо маърузаи пурмуҳтаво карда, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шарҳ дод.

Қайд кардан бамаврид аст, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Қонуни мазкур дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ, баҳри баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо одамон нақши мусбат гузошта истодааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо