[:tj]Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ хуб ба роҳ мондааст. Чанде пеш дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳри Роғун чорабинии муштараки бахш доир гардид.
Чорабинӣ бо фарогирии зиёда аз 125 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар сатҳи баланд гузашт. Дар назди ҳозирин мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Шомурод Саидов суханронӣ намуда, ба ҳозирин дар мавзўи муҳоҷирати бехатар ва омодагӣ пеш аз сафар, инчунин оид ба ҳадафҳои барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаи USAID вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо касалиҳои сироятӣ маълумоти васеъ дод.
Анвар Юсупов
[:]