[:tj]Ҳамкории босамари марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбӣ – техники вилояти Суғд бо сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи ҷолиб ва шоистаи дастгирист. Ин ҳамкорӣ серпаҳлуву доманадор буда, самти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботро низ дар бар мегирад.
Дар доираи ҳамин гунна ҳамкорӣ 14-уми март чорабинии муштараки бахши Хадамоти муҳоҷират ва литсейи касбӣ – техники саноати кишоварзии ноҳияи Ашт, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ориён, доир гардид, ки дар он намояндагони Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) ва бахши ноҳиявии Анҷумани «Пайванд» низ даъват шуда буданд.
Дар чорабинӣ 45 нафар хатмкунандагони муассиса ҳамроҳи устодонашон иштирок карданд ва суханронии мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Н. Назарова, сарварони Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) М. Пӯлодов ва бахши ноҳиявии Анҷумани «Пайванд» Г. Маликзодаро бомароқ шуниданд.
Мавзӯъҳои асосии баррасишуда пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, омоданамудани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва дар умум баланд бардоштани сатҳи маърифату донишашон буд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар ҷамъбасти чорабинӣ ба чанд саволи хатмкунандагон посух гуфта, онҳоро ба меҳнатдӯстию ватанпарастӣ, пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим ва садоқат ба халқу Ватан даъват намуд.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]