Ташвиқу тарғиби Паёми пешвои миллат

[:tj] 

 

 

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара давоми ҳафтаи равон ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷамоатҳои Чоркўҳ ва Нурафшон ба роҳ монд. Албатта, ин иқдом бо дастгирии ҷамоатҳои болозикр роҳандозӣ шуд.

Дар доираи чорабиниҳои гузаронидашуда масъалаи муҳоҷирати бехатар, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба роҳ мондани касбу забономўзии шаҳрвандон, омодагӣ ба маъракаи интихоботи дарпешистода ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам баррасӣ шуд.

 

                                                                 Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар шаҳри Исфара

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо