20 апрели соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Казакова Валентина Лвовна мулоқот намуд.
Дар мулоқот Амонзода ҳузури меҳмононро ба шаҳри Душанбе – пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки равобити дӯстонаи таърихан шаклгирифта ба хотири сиёсати оқилонаи сарони ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин боз ҳам устувортар гардида, масъалаи муҳоҷират ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар мадди назар қарор дорад.
Дар мулоқот масоили вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирии аъзои оилаи онҳо, табодули маълумоти оморӣ, саривақт пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирон, инчунин мушкилоти ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Дар фарҷом вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.