[:tj]23 феврал дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бо иштироки бевоситаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода таъиноти кадрӣ дар роҳбарияти Хадамот баргузор гардид.
Дар он як масъала баррасӣ гардида, муовинони навтаъини сардори Хадамот муаррифӣ шуданд.
Бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамот Имомзода Имомназар Аюб аз вазифаи муовини Сардор ба вазифаи муовини якуми Сардори Хадамот таъин гардид. Инчунин, Раҷабов Бадриддин ба вазифаи муовини сардори Хадамот таъин гардид.
Дар фарҷом Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба муовинони навтаъин дар фаъолияти пурмасъули минбаъдаашон муваффақият ва будбориҳо таманно намуд.
Анвар ЮСУПОВ
[:]