Таъмини муҳоҷирони манъгардида бо ҷои кор

[:tj] 

 

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбутаи вилоят   барои бо ҷои кор ва касбомўзонидани шаҳрвандоне, ки будубошашон манъ аст, машғуланд.

Тавре аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, дар соли сипаришуда ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират 1 ҳазору 503 нафар муҳоҷироне, ки сафарашон ба Русия манъ гардидааст,  барои дарёфти ҷои кори муносиб муроҷиат намуданд.

Аз ҷамъи умумии муроҷиаткунандагон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ дар вилоят ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ 137 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамчунин 229 нафар муҳоҷирони баргашта ба касбомӯзӣ, 58 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 1 ҳазору 60 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар баробари таъмини муҳоҷирон бо ҷои кор ва  касбомӯзӣ, дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят аз ҳисоби маблағҳои бефоиз ба 19 нафар муҳоҷирон қарзҳои имтиёзнок ба хотири машғул шудан ба соҳибкорӣ кумак намуданд.

 

Раёсати Хадамоти муҳоҷират

дар вилояти Хатлон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо