Тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ

[:tj]Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, №795 тасдиқ шудааст, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №378, «Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа» таҳия карда шуда, пас аз мувофиқа бо вазрату идораҳои марбута, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид ва бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июли соли 2015 № 447 он тасдиқ карда шуд.

Аз ҷумла, мутобиқи банди 1-и қарори мазкур дар таҳрири нав, Қоидаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва Варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Мутобиқи банди 2 Қоидахои мазкур баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби онҳо дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варақаи баҳисобгирӣ пур карда мешавад, амалӣ мегардад.

Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти сархати нави банди 6-и ин қарор, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми электронии баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили маҳзани ягонаи иттилоотҳ ҷорӣ мегардад.

Ба ин монанд, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 №529 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд ва намунаи варақаи он», таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда карда шуда ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2015 №560 тасдиқ гардид.

Аз ҷумла, мутобиқи муқаррароти банди 19-и Қоидаҳои мазкур маблағи пардохт барои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои пардохт ба суратҳисоби махсуси Хадамоти муҳоҷират ба андозаи 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як сол муайян карда шудааст. Ёдрас мешавем, ки аз соли 2008 тибқи банди 19-и Қоидаҳои мазкур маблағи пардохт барои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои шаҳрвандони хориҷии дигар ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шуда буд.

Ҳоло он, ки аз 1 январи соли 2015 маблағи пардохт барои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла барои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Федератсияи Россия дар як моҳ аз 1200 то 6000 рубли Россия зиёд карда шуда буд.

Ҳамчунин, мутобиқи банди 21-и ин Қоидаҳо барои аз нав гирифтани ичозат барои кор бар ивази иҷозати гумшуда, ки қаблан ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардида буд, айни ҳол ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст.

              Саидакрам Хоҷаев
сардори шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти муҳоҷират.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо