Тақвияти неруи зеҳнӣ: зеҳни сунъӣ ва имкониятҳои истифодаи он дар хизматрасонии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

1 июл дар Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳошияи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 “Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нишаст доир гардид.

Дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷкистон Ширин Амонзода, муассиси ширкатҳои ТАJRURT Азизҷон Азимӣ, мудири кафедраи технологияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров С., муовинони вазир ва роҳбарони сохторҳои вазорат иштирок намуданд.

Нахуст Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷкистон Ширин Амонзода ҳамоишро ҳусн оғоз бахшида, қайд намуд, ки гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият ва ба соддагардонии расмиёт мусоидат менамояд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди ба амал баровардани хизматрасониҳои самтҳои фаъолияти вазорат дар робита ба пешрафти технология тақозои замон арзёбӣ гардид.

Сипас муассиси ширкатҳои ТАJRUPT Азизҷон Азимӣ доир ба зеҳни сунъӣ ва табдили бозори ҷаҳонӣ, имкониятҳо ва хавфҳои он, инчунин истифодаи он дар мисоли хизматрасониҳои бонкӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Маркази зеҳни сунъии ТаjRupt.AI сухан ронда, ба пурсишҳои ҳозирин посух дод.

Ҳамзамон, мудири кафедраи технологияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров С. доир ба андешидани тадбирҳои муассир дар раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Дар ҳамоиш қайд карда шуд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар минтақаи Осиёи Миёна таҷрибаи аввалин аст. Дар ин самт як қатор нақшаю барномаҳо рӯи кор қарор доранд. Аз ҷумла, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон оғоз гардидааст, ки асоси фаъолияти минбаъдаро дар ин самт роҳандозӣ менамояд.

Дар робита ба ин, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода диққати ҳозиринро ба масоили инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаи шуғл ва малакаҳои касбӣ, платформаҳои рақамӣ дар танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шароити рақамикунонии ҷомеа ҷалб намуда, омодагии вазоратро ҷиҳати иштирок дар таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон бо манзури пешниҳодҳои асоснок иброз намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Азизҷон Азимӣ барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуда, иштирокдорон аз фаъолияти Маркази зеҳни сунъии ТаjRupt.AI дидан намуданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо