[:tj]
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №506 «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020» ва нақшаи тасдиқгардида барои соли 2017 кўчонидани 13 оила аз минтақаҳои хавфноки деҳаҳои Бобучак ва Хишекати ҷамоати деҳоти Ростровути ноҳияи Деваштич пешбинӣ шуда буд. Вобаста ба ин масъала қарори раиси ноҳия таҳти №795 аз 30.10.2017 ба тасвиб расида бошад ҳам, муҳоҷирони экологӣ то ҳол соҳиби қитъаи замин нашуда буданд. Ниҳоят бо мусоидати Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 5 апрел ба 13 оилаи муҳоҷирони зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан тақсим гардид. Чуноне ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич С. Баҳодурова хабар дод, ин рўйдоди фараҳбахш бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия, сармеъмор, раиси Кумитаи идораи замин, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, раисону мутахассисони заминсози ҷамоатҳои деҳоти Ростровут ва Яхтан ба вуқўъ пайваст. Зимни суҳбат бо онҳо муҳоҷирони экологӣ бо шукрона аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлату Ҳукумат тасмим гирифтанд, ки дар кўтоҳтарин фурсат бунёди манзилҳои истиқоматиашонро ба итмом мерасонанд ва мавзеи нав мекўчанд. Бахши Хадамоти муҳоҷират уҳдадор шуд, ки дар ҳамкории бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти фароҳам овардани шароити зарурӣ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аз рўи имкониятҳо мусоидат менамояд.
Мардон Қурбонов, вилояти Суғд
[:]