Таҳлили рафти татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои пилотӣ

[:tj]Бо ташаббуси Филиали Ассотсиатсияи ХЕЛВЕТАС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 10-уми марти соли равон дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд якумин ҷаласаи муколамаи бисёрҷониба ё худ мизи мудаввар дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтаркунии некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардида, дар рафти он Лоиҳаи “Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта дар Тоҷикистон”-и Ҳайати шафқат низ муаррифӣ шуда буд. Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Деваштичи вилояти Суғд ва як қатор шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон татбиқ мешавад ва муҳлати татбиқи он 18 моҳ аст. Дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ 159 нафар омӯзонида, 750 нафар бо шуғл фаро гирифта, 21 ҳазору 300 нафар ба маълумоти зарурӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Дар робита ба ин масъала, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи лоиҳаи мазкур сардори шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои болозикри вилояти Суғд аз курси махсуси омӯзишӣ гузаштанд ва соҳиби Сертификат шуданд.

Дар машварати корие, ки дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд доир гардид, рафти татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷиирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Давлатов ва сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар машварати корӣ мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов, намояндагони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои пилотии Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Спитамен иштирок намуда, зимни саволу ҷавоб ва суҳбати озод оид ба корҳои то ин дам ба иҷрорасида гузориш доданд ва таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.

Маҳмуд Давлатов оид ба самтҳои минбаъдаи фаъолият, боз ҳам тақвият додани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ҳайати шафқат маслиҳати судманд дод, масъулинро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносию ташаббускорӣ дар рафти татбиқи лоиҳа даъват намуд ва ба онҳо якададӣ планшет дастрас намуд.

Зайнура Шарифӣ сафари хизматии сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Маҳмуд Давлатов ва таҳлили амиқи  рафти татбиқи лоиҳаи “Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта дар Тоҷикистон” дар ноҳияҳои пилотии вилояти Суғдро иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард ва баён дошт, ки дар доираи вазифаю ваколатҳои худ Раёсат барои дар сатҳи баланд ба анҷом расидани дигар корҳои ба нақша гирифташуда ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Мардон ҚУРБОНОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо