Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 апрел таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода (муовини раиси Комиссия), сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода, намояндагони Вазорату идораҳои даҳлдор иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта сухан гуфтанд.
Вобаста ба масъалаи якуми ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини инфрасохтори зарурӣ (мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, барқ, оби нӯшокӣ, полезӣ ва роҳҳои дохили хоҷагӣ) дар мавзеъҳои зисти муҳоҷирони дохилӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Хуросон, Носири Хусрави вилояти Хатлон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд гузориши сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Тоҳир Каримзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ шунида шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа зимни баррасии масъалаи дуюми рӯзнома вобаста ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод» гузориши директори муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобмонии НБО Роғун» М.Ҷамилзода шунида шуд.
Зимни баргузории кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз масъулини вазорату идораҳо даъват кард, ки зимни кӯчонидани аҳолӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар барои фароҳам овардани шароити арзанда, нахуст, тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони муҳоҷиршуда инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шуда, баъдан давра ба давра тибқи тартиби муқарраргардида барои кӯчонидани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Зикр гардид, ки барои интиқоли аҳолӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар комиссияҳои маҳаллӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо таъсис дода шуда, тамоми масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати аҳолиро ба таври амиқ ва дақиқ омӯхта, пасон барои амалӣ гардидани он ба масъулини вазорату идораҳои кишвар ирсол карда шавад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки фароҳамоварии шароит барои зиндагии шоистаи сокинони мамалакат ва бунёду навсозии инфрасохтори зарурӣ дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Вобаста ба ин зарур аст, ки ҷиҳати ба таъхир наандохтани корҳо дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида шаванд.
Ба вазорату идораҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, фароҳам ва бунёди инфрасохтори зарурӣ, инчунин ташкил ва навсозии иншооти гуногуни иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои мутобиқшавии муҳоҷирон дар якҷоягӣ бо кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳои судманд роҳандозӣ карда шаванд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон супориш дода шуд, ки ҷиҳати интиқол, ҷобаҷогузорӣ, фароҳамоварӣ ва сохтмони ифрасохтори зарурӣ барои муҳоҷирони дохилӣ шароит ва имконияти мусоид фароҳам оваранд.