Таҷлили Артиши миллӣ дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj] 

21 феврал дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 27–умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре дар ҷамъомад сардори Хадамот Тоҳир Каримзода иброз дошт, «27 сол қабл дар як замони ниҳоят душвори сиёсиву иқтисодӣ ва вазъияти душвор дар  заминаи холӣ таъсис додани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарияти ҳукумати он давра хеле кори сангин буд. Имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки саҳми Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар барқароркунӣ ва пойдории сулҳу субот дар саросари мамлакат беназир аст».

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ  ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти  арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон дод, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар давлати азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд».

Ў афзуд, барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби мардонагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. «Вақте ки мо ватандӯстӣ мегўем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки ин яке аз ин рукнҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад»,- иброз дошт сардори Хадамот.

Сипас, чанд нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират барои фаъолияти пурсамар, иҷрои саривақтии супоришҳо ва саҳми босазо гузоштан ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор намудани ҷаласаи 14-уми Гурўҳи кори муштараки Россия ва Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Хадамоти муҳоҷират сарфароз гардиданд.

Дар фарҷом ба ҳозирин филми мустанад намоиш дода шуд.

                                                                                 Анвар ЮСУПОВ

                                          

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо