Театр дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

[:tj]73 сол сипарӣ шуд. Ҳар қадар фосилаи вақт аз рўзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ моро дур барад, ҳамон қадар таваҷҷўҳ ва назари мо ба ин саҳифаи таърих бештар меафзояд. Имрўз фарзандони дар ин солҳо ба дунё омада дар сафи калонсолон буда, соҳиби набераву абераанд.

Хабари ҳадшиканонаи ҳуҷуми фашистон мардуми Бадахшонро ба қаҳру ғазаб оварда, 22-23-июни соли1941дар шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияву деҳаҳо намоиши чандинҳазорнафараи меҳнаткашон баргузор мегардад. Дар изҳороти онҳо чунин сатрҳо садо медиҳанд: «Ҳар яки мо худро сафарбаршуда медонад ва тайёр аст ҳар як супориши партия ва ҳукуматро иҷро намояд. Агар Ватан даъват кунад, мо ҳамеша ба муҳофизати он омодаем». Набиев Абдулло, «Помири Советӣ», «Ирфон», 1967.

Аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 2,5 ҳазор нафар ҷанговар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷангида, аз ин миён 600 нафари онҳо дар ҳифзи шаъну шарафи ватан дар хоки ҷумҳуриҳои бародари Иттиҳоди Шўравӣ мардонавор ҷон супориданд. Аз рўи маълумоти ба даст омада аз зодагони вилоят дар ин ҷанг иштирокдошта, ягон нафар худихтиёрӣ ба тарафи душман нагузаша, таслим нашудааст.

Як сабаби ғалабаи халқи Шўравиро дар ин ҷанг дастгирии пурраи ақибгоҳ ва мустаҳкам будани интизоми оҳанини меҳнаткашон ҳисоб мекунанд. Захматкашон дар корзор шабу рўз меҳнат карда, ҳосили фаровон рўёнда, маблағи зиёду пўшок ва дигар маводи заруриро барои ғалаба ба фронт роҳӣ мекарданд. Дар нашрияи расмии Иттиҳоди Шўрави рўзномаи «Правда», 5-майи соли 1941 чунин сатрҳо сабт шудааст: «Меҳнаткашони РСС Тоҷикистон ба Фонди мудофиа 6 миллиону 178 ҳазор рубл ва ба маблағи 20 миллиону 376 ҳазор рубл коғазҳои қиматнок кўмак карданд. Ба тариқи илова боз 14 миллион рубл ба ин фонд гузаронда мешавад». Ҳамин хел то охири ҷанг кўмакҳо дар шакли маблағ, озуқаву пўшок ва дигар маводи зарури рўзгор ба фронт фиристонда мешавад.Тоҷикистон баробари кўмаки моливу маблағӣ ба фронт паногоҳи ҳазорон кўдаки ятиммонда, маъюбон, мардону занони миллатҳои кишвар гардида, аз Руссия ба Тоҷикистон зиёда 1300 корхонаҳои хурду калон бо аҳли оилаи кормандонашон кўчонда шудаанд.

Аҳли фарҳанги вилоят дар ин ҷода корҳои шоёнро анҷом дод. Бузургтарин дастоварди театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хоруғ дар декати санъати Тоҷикистон соли 1941 дар Москва суруди «Бархез!»-и устод Лоҳутӣ таҳти оҳанги Қурбоншоҳ Ноёбшоев дар иҷрои сарояндаи хушовози театр Савсан Бандишоева буд, ки сароянда Савсан Бандишоева баъди он бо ордени Ленин мукофотонида мешавад. Ҳунармандони театр дар деҳаҳо, марказҳои даъвати ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва госпиталҳо ҳунарнамоӣ карда, ҷанговаронро барои ғалаба бар урдўи бегона рўҳбаланд менамуданд. Соли 1941 ва аввали соли 1942 театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хоруғ намоишномаи «Гестапо»-и В.Билл-Белогерковскийро ба саҳна гузошт. Намоишномаҳои «Ботлоқи шайтон»-и В. Квасницский, «Разведчик»-и Е.Яқубҷонов, «Интиқом»-и Ҷ.Икромӣ, «Хоби Гитлер», «Лена ва армияи ғоратгар»-и А.Рудин низ ҳисси ватандўстӣ ва нафрату бадбинии тамошобинонро нисбати душман даҳчанд афзуд.

Ҳунарманди соҳибсалиқаи театр Меҳрубон Назаров (Баътар Вазири фарҳанги Тоҷикистон) 7-уми майи соли 1943 бо аризаи худ худихтиёрӣ ба ҷанг меравад ва 29-уми октябри соли 1943 дар рўзномаи «Бадахшони сурх», №38, (676) мактуби пурмўхтавои ҷанговари ҷавони матинирода ба нашр мерасад: «Ман фахр мекунам ва хушбахт ҳастам, ки дар баробари писарони дигар халқҳои Ватани мо ба муқобили фашистони истилогар мубориза бурда истодаам. Дар муддати кўтоҳ истифодаи техникаи ҷангиро аз худ карда, моҳирона онро ба муқобили душман истифода мебарам. Ман шахсан даҳҳо фашистро нобуд кардам. Барои Шумо ҷавонон, барои тамоми меҳнаткашон қасам, то даме, ки дилам дар тапиш аст, бо душманон мубориза мебарам. Дар рўзи 25 солагии комсомолии ленинӣ ба Шумо саломи фронтӣ фиристонда шуморо даъват менамоям, ки пурсамар дар истеҳсолот, саҳроҳои колхозӣ, муассисаҳо кор карда, ёриро ба фронт ва мамлакат пурзўр намоед, Армияи сурхро бо лавозимоти зарурӣ дар шароити зимистон таъмин намоед. Соати ғалабаи мо ва шикасти душман наздик шуда истодааст. Ба наздикӣ мо ғалабаи Армияи Сурхро ид мекунем. Ба Шумо ҷавонони Помир муроҷиат мекунам: дар бораи ғалабаҳои худ дар ақибгоҳ ба мо нависед. Бо саломи фронтӣ М.Назаров». Саидҳасанов Юсуф, «Кўҳисстони Бадахшон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», Хоруғ, 2011.

Тобистони 1944 театр бо ансамбли бачагонаи «Помир» дар фосилаи 200 км пиёда роҳ паймуда, дар ноҳияҳои Рўшону Ванҷ баромад намуда, маблағи ҷамъовардаро ба суратҳисоби фронт мегузаронанд.

Бояд қайд кард, аҳли фарҳанги вилоят баҳри ғалабаи Иттиҳоди Шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ин бештар заҳмат кашиданд. Мо қатрае аз онро рўйи коғаз овардем.

Барои поси хотири фарзандони диловари Ватан бисёр таълимгоҳҳо, муассисаҳо, кўчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба исмашон номгузорӣ шуданд. Ин аст, ки театри мусиқӣ –мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи ҷанговари диловар, собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров гузошта шуд.

Бо ибтикор ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии Хокимияти давлатии вилоят ду китоб бо тағйиру иловаҳо бо номи «Онҳо фаромўш намешаванд», «Поси хотир» ва «Корномаи падарон» нашр шудаанд, ки аз корнамоии падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекунанд.

                                                                                 Бахши Хадамоти муҳоҷират                                                                                                 дар шаҳри Хоруғ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо