[:tj]
Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо ибтикори мақомоти мазкур, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират чорабинии муштараки иттилоотӣ маърифатӣ доир гардид, ки ба мавзӯи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили тундгароиву ифротгароӣ, муҳоҷирати бехатар, кор бо муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бахшида шуд.
Муовини раиси шаҳр А. Ализода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир намудани чунин чорабиниҳои муштаракро яке аз василаҳои беҳтарини наздикшавӣ ба мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа арзёбӣ кард. Ҳамзамон аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки чун табақаи пешқадам ва фаъоли ҷомеа бардоштҳои худро аз ин чорабинӣ ба самъи аҳли маҳаллаҳо расонанд ва онҳоро ба муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат, бунёдкорию созандагӣ, таълиму тарбияи сазовори насли наврасу ҷавон, таҳкими сулҳу субот, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, дастгирии табақаҳои ниёзманд ва муқовимат бо падидаҳои номатлуб даъват намоянд.
Зимни суханронӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Б. Шарифов бо истифода аз маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ моҳияти тағйироту иловаҳои солҳои охир ба қонунгузории федералии Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират воридгардида, Созишномаи байни ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, қоидаҳои гирифтани патенту полиси суғуртавӣ, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, супоридани имтиҳон оид ба донистани забон, таърих ва фарҳанги рус, муҳоҷирати бехатар ва наафтодан ба доми фиреби миёнаравҳоро фаҳмонид. Таъкид намуд, ки бахши Хадамоти муҳоҷират ҳамеша барои қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ҷавоб додан ба пурсишҳо ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии онҳо омода аст.
Суханронии сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Конибодои Ш. Ортиқов ба мавзӯи касбу забономӯзӣ ва бо шуғли мавсимию доимӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамзамон кор бо муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида бахшида шуд. Номбурда иттилоъ дод, ки дар доираи имконияту вазифаҳои хизматиашон мунтазам барои дастгирӣ ва ҳалли мушкилоту муаммои ин қишри ҷомеа корбарӣ менамоянд. Аз ҷумла, давоми 7-моҳа 17 нафар собиқ муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргаштаро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуданд. Агар муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан дошта бошанд, ба онҳо қарзҳои имтиёзнок дода мешавад. Айни замон дар шуъба 107 ҷои холии кор ба қайд гирифта шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаашон дар навбати аввал метавонанд ба онҳо соҳиб шаванд. Албатта, дар мавриди фаро гирифтан бо касбу забономӯзӣ ҳам барои онҳо имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.
Пас аз суханрониҳои расмӣ дар байни иштирокчиён ва масъулини ташкилкунандаи чорабинӣ суҳбати ошкоро ва саволу ҷавоб доир гардид.
Муовини раиси шаҳр бо истифода аз фурсат дар ҷамъбаст ҳамагонро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфт ва барояшон хонаободию сарбаландӣ таманно кард.
Ҳамагӣ дар ин чорабинӣ 100 нафар намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, фаъолони ҷомеа, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоиоилаи онҳо иштирок карданд.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]