[:tj]Вилояти Иркутск дар Федератсияи Россия яке аз минтақаҳои калонтарини саноатӣ ба шумор рафта, аз ҷиҳати масоҳати ҷуғрофияш бошад, дар байни 5 минтақаҳои калонтарини Федератсияи Россия чойгир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Иркутски ФР аз аввали солҳои 60-70-уми асри гузашта муносибатҳои дустӣ тиҷоратӣ ва фарҳангиро ташкил карда буд. Дар он солҳо аз ҳисоби маблағи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят якчанд корхонаҳои коркарди чубу тахта сохта шуда буданд, ки ин корхонаҳо маҳсулотҳои тайёр намудаи чубу тахтаашонро ба ҷумҳурӣ мефиристоданд. Ба ивази маҳсулотҳои чубу тахта аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вилоят маҳсулотҳои ниёзи мардум, аз он ҷумла маҳсулотҳои меваҳои тару хушк, сабзавот, консерватсия ва дигар маҳсулотҳои хоҷагии халқ фиристода мешуданд. То солҳои 2005-ум ин корхонаҳо моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Дар он солҳои гуногун дар ин корхонаҳо ва умуман дар вилояти Иркутск шумораи начандон зиёди Тоҷикистониён кору зиндагони доштанд, ки ба ҳисоби тахминӣ 100-120 нафарро ташкил медоданд. Ҳоло бошад, дар вилояти Иркутски ФР ҳазорҳо ва дар давоми мавсими корӣ даҳҳо ҳазор нафар тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони мамлакат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ин вилоят кору фаъолият доранд.
Бори нахуст моҳи феврали соли 2000-ум Ҷамъияти милли-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия расман дар вазорати Адлияи вилоят номнавис шуд. Баъди номнавис шудани ҷамъияти тоҷикон имконият пайдо намуд, ки аз рўи қонунҳои амалкунандаи ФР ва аз рўи Оинномаи ҷамъият ба фаъолият шурўъ намояд. Яке аз мақсаду вазифаҳои асоситарини ҷамъият кумаку мадад ва дастгирӣ, намудани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳоло бошад, аз рўи омори дар вилояти Иркутск шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои гуногун ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ барои фаъолияти корӣ ба ин вилоят омаду рафт доранд. Аз шумораи умумии тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Иркутск кору фаъолият мекунанд, қариб 70 фоизашон дар майдончаҳои гуногуни сохтумонӣ, зиёда аз 10-15 фоиз дар бозорҳои хурду миёна, якчанд фоиз дар заводу фабрикаҳо ва дигар корхонаю ташкилотҳои истеҳсолӣ ва мусофиркашонӣ ба ҳайси мутахассис, қариб 5 фоиз тоҷирону истеҳсолотчиён ва 1-2 фоиз дар ташкилотҳою муассисаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд.
Боиси хурсандист, ки имрўзҳо дар ин вилоят тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистонии ин вилоят ширкатҳои гуногуни истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ ташкил намуда, дар баробари фаъолияташон даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатиро соҳиби ҷойи кор мекунанд. Ширкатҳои ин ҳамватанон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, корхонаҳои сохтумонӣ, чубу тахтабарорӣ, чорводорӣ, кишоварзӣ, муассисаҳои хўроки умумӣ, чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, инчунин ба тиҷоратҳои гуногуни дигар соҳаҳо кору фаъолият доранд.
Фарзандони тоҷикони вилояти Иркутск дар боғчаҳои бачагона истироҳат намуда, дар мактабҳои миёна, миёнаи касби техникӣ ва мактабҳои олии гуногуни ин вилоят таҳсил мекунанд. Ҷамъияти тоҷикон аз рўи шароиту имкониятҳояш, барои шаҳрвандони Тоҷикистонии вилояти Иркутск чорабиниҳои милли-фарҳангӣ ташкил карда мегузаронад.
Барои самаранок дастгири намудани ҳамватанон, дар назди ҷамъият якчанд Иттиҳодияҳо ва Асосатсияҳоро ташкил намуданд, аз чумла, Иттиҳодияи занони Тоҷикистонӣ, Асосатсияи табибони Тоҷикистонӣ, Асосатсияи ҷавонону донишҷўёни Тоҷикистонӣ, Асосатсияи ҳуқуқшиносони Тоҷикистонӣ вилояти Иркутск. Ҳамаи ин асосатсияҳо дар баробари фаъолияти кориашон, инчунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ кумак мерасонанд.
Ҳаминро бояд, қайд кунем, ки дар байни тамоми ҷамъиятҳои милли-фарҳангии минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия якумин шуда, дар назди ҷамъияти милли-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск чунин Иттиҳодияҳо ва Асосатсияҳо ташкил карда шуд.
Дар муддати чанд соли охир шоҳиди он шудем, ки муҳтарам, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, Пешвои миллат чӣ дар шаҳри Душанбе ва чӣ дар вақти сафарҳои расмияш дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия бо роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои милли-фарҳангии минтақаҳои гуногуни он вохўрию суҳбатҳо оиди кору фаъолият ва зиндагонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мекунанд.
Бояд гуфт, ки Ҷамъияти милли-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски кишвари Россия дар давоми чанд солҳои фаъолияташ бо як қатор вазорату кумитаҳо, ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, инчунин намояндагиҳои ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ҳамкориҳоро барқарор намудааст. Аз ҷумла, бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохила, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи Телевизион ва радио, Ҳукумати вилояти Суғд бо як қатор сохторҳояш, ҳизби Халқи-Демократии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Консули генералии ЧТ дар шаҳри Екатеринбург, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Маскав ва бо як қатор воситаҳои ахбори оммаи кишвар.
Таҳияи Анвар ЮСУПОВ
[:]