[:tj]Чанде пеш дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия VII умин фестивали фарҳангии халқиятҳо таҳти унвони «Биёед бо дасти якдигар бигирем» баргузор гардид.
Тавре раиси созмони миллӣ-фарҳангии ба номи “Ҳамватан-Соотечественник”-и точикони вилояти Иркутск Муриват Маликшоев хабар дод, мақсади ташкил намудани ин фестивали дўстӣ шиносоӣ бо урфу одат, расму анъанаҳои халкияту миллатҳои муқими минтақа буда, бо ташаббуси маъмурияти шаҳри Братск сурат гирифт.
Дар чорабинии фарҳангӣ дар баробари 20 ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии миллӣ-фарҳангии халқияту миллатҳои гуногуни муқими минтақа, инчунин созмони миллӣ-фарҳангии ба номи “Ҳамватан-Соотечественник”-и точикони вилояти Иркутск низ фаъолона иштирок намуд.
Иштирокдорони фестивал дар се бахш, аз ҷумла ороишоту либос, анвои хурокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва
барномаи консертӣ пешниҳод намуданд.
Намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилоят дар ҳамаи барномаҳо фаъолона иштирок намуда, дар қатори дигар халқияту миллатҳо дар сатҳи баланд миллати тоҷикро муаррифӣ карданд.
Анвар Юсупов
[:]