Туҳфаҳои идона ба кўдакон ва кумакҳои хайриявӣ ба оилаҳои ниёзманд дар Санкт-Петербург ва Москва

[:tj] 

Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва дастгирии ҳамватанони саховатманд дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Москва ба оилаҳои муҳоҷирони ниёзманд ва донишҷўён кумаки хайриявӣ расонида шуд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург рўзҳои 20-23 май ба 85 оила ва 25 донишҷў, ки қаблан бинобар сабаби вазъи карантинӣ ба Намояндагӣ ҷиҳати расонидани кумак дархост намуда буданд, бо таври «Хона ба хона» маводи ғизоии аввалия расонида шуд.

23 май дар шаҳри Москва ба 50 оилаи муҳоҷирони эҳтиёҷманд аз ҷониби кормандони Намояндагӣ кумакҳои хайриявӣ пешкаш гардид.
Бояд гуфт, ки ин дафъа ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр дар баробари маводи ғизоӣ ба оилаҳое, ки кўдакони хурдсол доранд, халтаҷаҳои идона бо шириниҳо ва лавозимоти мактабӣ тақдим карда шуд, ки боиси хушхолӣ ва руҳбаландии тифлакон ва волидонашон гардид

 

                                            Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

                                                      шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо