[:tj]Акнун муддати муайяне тамоми шаҳрвандони ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон муроҷиаткунанда, анкета пур мекунанд. Анкетаи махсус аз тарафи Хадамоти мазкур ба хотири бурдани тадқиқот тартиб дода шудааст. Анкета метавонад, ки кормандони Хадамотро бо тамоми муроҷиаткунандагон аз ҳар нигоҳ бо хубӣ ошно намояд. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев гуфт, ки «бо гузаронидани тадқиқоти мазкур мо тарзи корбарии худро метавонем ҷонноктар кунем. Ин тадқиқот дар бораи то кадом андоза омода будани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, доштани касбу ҳунар, шинос будан бо қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда, донистани ҳуқуқҳои хеш зимни муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот медиҳад».
Гузаронидани тадқиқоти номбурда дар ҷамбасти соли 2015 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарият ва кормандон, мудирони бахшу шуъбаҳо дар шаҳру навоҳии Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон пешниҳод гардида буд. Акнун ин пешниҳод мавриди амал қарор дорад.
Дар ҳақиқат имрӯз дар Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳои мубрам боќї мемонад. Зеро аксарияти шаҳрвандон, хусусан аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Руссия муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба корҳои гуногун ҷалб мегарданд. Ин ҳама албатта барои пеш бурдани зиндагӣ мебошад. Дар ҳолати кори Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи баланд бошаду мардумро бо хубӣ аз тамоми қонуну қоидаҳои мухоҷирати меҳнатӣ ва омода будан ба сафар огоҳ намояд, итминон аст, ки шаҳрвандони мо дар хориҷа ба мушкилиҳои ганданшикан бар намехуранд. Агар ба душвориҳо рӯ ба рӯ ҳам гарданд, ба осонї онҳоро бартараф мекунанд. Боварӣ ҳаст, тадқиқоте, ки имрӯз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон гузаронида истодааст, натиҷаи хубро соҳиб меградад ва дар раванди корӣ то андозае таъсиргузор мешавад.
Маркази матбуотии
Хадамоти мухочирати вилояти Хатлон[:]