[:tj]
Мувофиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 23 сентябри соли 2020 №580 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 №274 «Оид ба тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ФР дар робита ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти «Коронавирус» (СOVID-19)» ба ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҳудуди Россия ба таври бо раводид ё худ бидуни раводид ворид шудаанд, муҳлати боздории санадҳои будубоши муваққатӣ (аз ҷумла раводид) иҷозати муваққатӣ ва доимии зист ва қайди муҳоҷиратӣ, инчунин муддати амали шаҳодатномаҳои муваққатии паноҳандагӣ ва шаҳодатномаҳои паноҳандагӣ то 15 декабри соли 2020 тамдид карда мешавад.
Ҳамчунин дар муҳлати зикршуда нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаҳои муваққатии зист, иҷозатномаи доимии зист, шаҳодатномаҳои иштирокчии Барномаи давлатӣ оид ба бозгардонии ҳамватанон, инчунин иҷозатномаи кор ва патент доранд, ҳалномаҳо вобаста ба бекор кардани ҳуҷҷатҳои мазкур қабул карда намешавад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мувофиқи фармони Президенти ФР аз 15 марти то 15 июни соли 2020 бинобар маҳдудиятҳо вобаста ба пандемияи «Короновирус» муҳоҷирони меҳнатӣ аз масъулияти пардохти андози моҳонаи патент, яъне ба муддати 3 моҳ озод шуда буданд. Шурӯъ аз 16 июни соли 2020 барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо иҷозатномаи кор ва патент фаъолияти меҳнатии худро амалӣ менамоянд, тибқи муқаррарот бо пардохти андозҳо барасмиятдарории санадҳои мазкурро ба роҳ монда шуд.
Дар асоси фармони мазкур шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор ва патент (тамдид намудан ё аз нав барасмиият даровардан) сарфи назар аз қайди мақсади вуруд дар корти муҳоҷиратӣ (одатан дар корти муҳоҷиратӣ мақсади вуруд «кор» (работа) нишон дода мешуд) метавонанд, муроҷиат намоянд.
Дар робита ба коҳиши маҳдудиятҳо ва васеъ шудани имкониятҳо барои фаъолияти меҳнатӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират аз ҳамватанон, ки дар Россия будубош доранд ва бо сабабҳои гуногун дар ин муддат санадҳои будубош ва фаъолияти корияшонро барасмият надаровардаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз ин фурсат истифода намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароранд.
Зеро мувофиқи фармони пештара аз 15 март то 15 июн ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозати бе патент кор кардан дода шуда буд. Тибқи фармони нав аз 16 июн бидуни патент кор карда намешавад.
Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти хусусиятҳо ва шароитҳои барасмиятдарории санадҳои қонунӣ барои будубошу фаъолияти меҳнатӣ дар манотиқи гуногуни Россия ва бо мақсади бартараф намудани нофаҳмиҳо ҳангоми барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо Намояндагӣ аз ҳамватанон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои дарёфти посухҳои дақиқ ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:
+7(495)967-98-44;
+7901 422 35 78.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират[:]