[:tj]Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 5 декабри соли 2018, №506 “Дар бораи гузаронидани курсҳои омўзишӣ доир ба мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ҳайати роҳбарикунанда дар соҳаи пешгирӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд барои соли 2018” 25 апрел машғулиятҳои омўзишӣ оғоз ёфтанд, ки то охири ҳафтаи корӣ идома меёбанд. Ба машғулиятҳо кормандони масъули Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардидаанд.
Ташкилкунандаи машғулиятҳо Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилоят мебошад. Бо назардошти он, ки мавзўи аксари машғулиятҳои омўзишӣ ба муҳоҷирати дохилию экологӣ вобастагӣ доранд, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифт, ки мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо низ дар онҳо иштирок намоянд. Ҳамин тавр роҳбарони сохторҳои зертобеи Раёсат аз 18 шаҳру ноҳия ба омўзиши се рўза вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ фаро гирифта шуданд.
Мардон Қурбонов[:]