[:tj]12-уми апрел дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар семоҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ, баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳоҷират, муовинони сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли 2018 муовини сардори Хадамот баромад намуда иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ 109053 нафар шаҳрвандони кишварамон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз инҳо 94366 нафарашон мард ва 14687 нафарро зан ташкил медиҳанд. Аз ҷумла ба Федератсияи Россия – 105193 нафар, Қазоқистон – 2506 нафар сафар кардаанд. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3757 нафар ё ин, ки 3 % кам шудааст. Дар ин давра аз хориҷи кишвар 84955 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 69165 нафар мардҳо ва 15790 нафар занон мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 658 нафар ё ин ки 1% зиёд шудааст. Mутобиқи маълумоти мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ба ҳолати 13 март 185264 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории муайян шудаанд. Бинобар чунин сабабҳои узрнок дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 65 шаҳрванди ҷумҳурӣ аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ бозпас гардонида шуданд. Дар ин муддат ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 19831 нафар шаҳрвандон аз ҷумла 18549 нафарашон тариқи шифоҳӣ, 119 нафар хаттӣ ва 1163 нафарашон бо телефони боварӣ бо дархост муроҷиат кардаанд. Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 5565 нафар, ки дар рўйхати мамнўъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ба қайд гирифта шуда буд, муайян карда шуда, аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Аз теъдоди умумии болозикр 5113 нафар мард ва 452 нафарро зан ташкил медиҳад, ки тибқи муқаррарот ба 2072 нафар тавсия ба касбомўзӣ ва ба 240 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 268 нафар дорои касб гардида ва 131 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ рўйхати 97 нафар муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хориҷи кишвар бо қарори судӣ берун карда шудаанд, аз ҷумла: Федератсияи Россия -84 нафар, Ҷумҳурии Белорус -7 нафар ва аз давлатҳои назди Балтика -6 нафарро ташкил медиҳад рўйхати онҳо дар маҳзани маълумотӣ сабт гардид. Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ки барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд, 1015 нафар дар хориҷӣ кишвар бо кор таъмин гардиданд. Дар баробари ин аз ҷониби гурўҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мутобиқи муқаррарот ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст, 47 ариза баррасӣ карда шуд. Оид ба иҷрои супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт огаҳонидани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони кишварамон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути ахбори омма ва вохўриҳою сўҳбатҳо оид ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 9 майи соли 2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Россия” аз санаи 25 май то 25 июли соли 2018 дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростов на Дону, Самара, Саранск ва Сочии ФР муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ 1 шабонарўз муқаррар карда шудааст, Хадамот барқияи фаврӣ таҳия намуда аз 25 январи соли 2018, №17.7/87 ба унвони раёсату шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мақсади бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ байни сокинони кишвар ирсол намуд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Кўрғонтеппа дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамъоатҳо, фурудгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, дар синфхонаи Маркази ш.Душанбе вохўриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Инчунин дар ин давра ба 927 нафар шаҳрванди хориҷӣ (дар семоҳаи якуми 2017 – 1024 нафар) иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 97 нафар кам мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт ва бо назардошти бурдани назорати доимӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ нисбати 58 нафар (96) шаҳрвандони хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин таъдод 35 (30) нафар аз қаламрави ҷумҳурӣ бо қарорҳои судӣ берун карда шудаанд, – қайд кард Т. Шарипов. Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷой дошта шунида шуд. Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи маълумотҳо, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон оид ба татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Россия, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ сухан гуфт. Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҷиҳати пурзур намудани самтҳои фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кормандонро вазифадор намуд.
Анвар Юсупов хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират ”[:]