Фаъолияти солона ҷамъбаст шуд

[:tj]13 январи соли равон маҷлиси ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давоми моҳҳои январ-декабри соли 2015 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2016 доир гардид

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Сардори Раёсат Зайнура Шарифова кушода, аз ҷумла иброз намуд, ки дар давоми соли 2015 Раёсат ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, субъектҳои хоҷагидор, ширкатҳои кордиҳанда ва корхонаҳои муштарак, созмонҳои байналмиллалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ идома дод. Номбурда дар маърӯзаи ҳисоботии худ бурду бохти тамоми самтҳои фаъолияти Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳоро мавриди таҳлили чуқур қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастурҳои мушаххас пешниҳод кард.

Дар идомаи маҷлис вобаста ба корҳои иҷрошуда мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд А. Хидиров, оид ба самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ мудири бахш Ҳ. Зоидов, фаъолияти молиявӣ мудири бахши молия ва хоҷагӣ С. Собиров, кор бо муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ А. Ибрагимов, ҳамзамон мудирони шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои пилотии Истаравшан, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров гузориш доданд. Зимни муҳокимаи масъалаҳо Сардори Раёсат аз нафарони зерин ва дигар шахсони масъул пурсиш ба амал овард.
Маҷлис бо вазифагузориҳои Сардори Раёсат ба охир расид.

Иштирокчиён фаъолияти Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳоро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо