Фаъолияти шашмоҳа ҷамъбаст гардид

[:tj] 

 

 

10-уми июли соли равон дар раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ширкат варзида, дар назди ҳозирин баромад намуд.

Аз ҷониби раёсат дар давоми шаш моҳи аввали сол  як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла қабул ва маслиҳатдиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ, баргузории вохӯриҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти шуғли аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалию ғайридавлатӣ, шахсони ҳуқуқию воқеӣ,  муайян намудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатии муваққатан мамнуъшуда, рафти бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардидани онҳо дар пойтахт ва берун аз ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои  тоҷикони бурунмарзӣ ва ғайра гуфта шуд.

Инчунин, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамкориро бо раёсати  тандурустии ш. Душанбе мустаҳкам намуда,  дар рафти вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барои  пешгирӣ  аз бемории сироятии “Коронавирус”  корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад.

Дар фарҷом Сардори Хадамоти муҳоҷират баҳри ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани фаъолияти раёсат супоришҳои мушаххас дод.

 

Рёсати Хадамоти

                                                                  муҳоҷират дар шаҳри Душанбе[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо