Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданием, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Россия, ки ҳавопаймоҳояшон миёни Россия ва Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, аз паст рафтани нархи чипта хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъҳо, арзиши чипта 50 фоиз коҳиш ёфтааст. Пастравии нархҳоро ширкати «Сибирские авиалинии» тасдиқ намуд.
Ҳоло нархи чипта дар хатсайри Хуҷанд-Москва 8,4 ҳазор сомонӣ (735 доллар) мебошад. Чунин тарофа нисбат ба шаҳрҳои дигари Россия вобаста аз вақти парвоз ҳисоб карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки арзиши чиптаҳо дар қиёс ба ҳафтаи гузашта хеле коҳиш ёфт. Қаблан барои парвоз аз Тоҷикистон ба Россия шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд 15-16 ҳазор сомонӣ (1,3-1,4 ҳазор доллар) пардохт мекарданд.
Қаблан директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни мулоқот бо намояндагони чор ширкати ҳавопаймоии Россия боисрор аз ширкатҳои ҳавопаймоии Россия тақозо намуда буд, ки нархи чиптаҳои парвозҳои чартериро коҳиш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи беасос боло бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳо дар масири шаҳрҳои Тоҷикистон ва Россия аввали моҳи апрел дар ҷаласаҳои корӣ, ки дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Россия, назири «Сибир» (S7 Airlines), «Ютэйр», «Уралские авиалинии» ва «Северный ветер», доир гардида буд, ду маротиба баррасӣ шуд. Аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Россия даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳарчи зудтар коҳиш додани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳо тадбирҳои муассир андешанд.