[:tj]
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо хатмкунандагони литсейи касбии – техникии №74, ки дар ҷамоати деҳоти Шодоба ҷойгир аст, мулоқот ташкил намуд.
Бино ба иттилои мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Нодира Маҳмудзода ҳадаф аз ташкили ин вохӯрӣ ташвиқу тарғиби касбу забономӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарзи ҳаёти солим, муҳоҷирати бехатар, хизмат ба халқу Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёри аҷдодӣ буд. Дар ин радиф иштироккунандагони вохӯрӣ аз хатарҳои замони муосир огоҳонида шуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Пешвои муаззами миллат ба масъалаи соҳибкасб намудани ҷавонон ва дар умум кулли аҳолии бешуғл таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва дар асоси вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бояд дар давоми панҷ соли минбаъда сокинони бешуғлу бекасб пурра соҳибкасб гардонида шаванд.
Айни замон ба насли наврасу ҷавони кишвар барои дониши баланд гирифтан ва соҳиби касбу ҳунари муайян шудан беҳтарин шароит фароҳам мебошад. Онҳо бояд бо истифода аз имкониятҳо барои таъмини ояндаи дурахшони худ талош варзанд ва зиндагии шоистаашонро фароҳам оранд.
Соли равон муассисаи мазкурро 35 нафар толибилмон хатм менамоянд. Баъди шунидани суханрониҳо, муколама ва саволу ҷавоби озод сарвари литсей зимни ҷамъбасти мулоқот аз номи хатмкунандагон ба ташкилкунандагони вохӯрӣ изҳори сипос намуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Ашт
[:]