[:tj]
Дар майдони Регистони бозори марказии «Панҷшанбе» бо ташаббуси МД “Марказхои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш. Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, инчунин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД-и вилоят аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти “коронавирус” ҳифз намоед” доир гардид.
Ташкилкунандагони ин чорабинии бонуфуз зимни тақсимоти варақаҳо сокинонро ҳушдор медоданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории вабои аср сокинон мебояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоявӣ, саривақт дастонро бо оби гарм ва собун шустану онро бо моеи “Антисептик” тар намудан аз сироятёбӣ эмин медорад. Таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани масуниятнокӣ (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз (чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.
Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои сироятёбии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ин беморӣ бовар накунанд. Зеро бар иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода дар вилоят ягон бемори сироятёфта бо ташхиси “коронавирус” ба қайд гирифта нашудааст. Пурзӯр намудани назорати сокинон, дар маҳаллаю кӯчаҳо бо худ доштани ниқоби ҳимоявӣ аз қабили чораҳо худро эҳтиёт кардан аст.
Маълумот дода шуд, ки бемории сироятии “коронавирус” имрӯз ба ҳаёти сокинони Сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Америка хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ, сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.
Коршиносони соҳа пешгӯӣ мекунанд, ки дар моҳи наздик хатари авҷгирии ин беморӣ коҳиш меёбад.
МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии
пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»дар ш.Хуҷанд[:]