Худро омода соз, баъд сафар намо!

[:tj] 

Манучеҳр Собиров ба худ қавл дод, аввал касбу забон меомӯзад, баъд ба сафари Россия меравад. Ҳанӯз се сол қабл аз надонистани забон ва надоштани касб азоби зиёде кашида буд. Инак ӯ курсҳои кӯтоҳмуддати дуредгариро дар шаҳри Ваҳдат омӯхт, соҳиби шаҳодатнома гардид. Ӯ мегӯяд, акнун ман омода ҳастам, ба шаҳри Екатеринбург равона шавам. Манучеҳр дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Екатеринбург дуредгар шуда кор мекунад. Маоши хуб мегирад, бо ҷойи хоб ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин аст.

Аҳмад Саидисломов, зодаи шаҳри Душанбе, соли панҷум аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ӯ низ омодаи сафар аст, ду сол пеш дар як муддати кӯтоҳтарин касби рангуборчиро омӯхтааст. Бовар дорад, ки касби омӯхтааш ба ӯ кумак мекунад.

– Онҳо кори дуруст намуданд, ки касб омӯхтанд, – баён дошт мудири Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират Аслишо Нодиршоев. – Вақти он расидааст, ки дар бозори муҳоҷирати меҳнати ҷаҳонӣ мо бояд шахсони забондон ва касбу ҳунари гуногунро пешкаш намоем. Танҳо касбу ҳунар ва забондонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳад, ки соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда гарданд.

Давлатбек Ғоибов, иқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, бори аввал дар муҳоҷирати меҳнатӣ панҷ сол пеш ба шаҳри Толяттии вилояти Самара сафар намуд. Хушбахтона, он замон ӯ касби кафшерчии барқӣ дошт. Маоши хуб ҳам мегирифт. Ният дорад, баъди кушодашавии роҳ, аз байн пурра рафтани бемории нави КОВИД-19, дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Москва ба кор дарояд.  Забони русиро низ омӯхтааст. Аз худ боварии калон дорад, ки азоб намекашад.

Маҳмадризо Остонов  –  аз ноҳияи Сангвор. Ӯ ҳамчун устои сафолчин соли дуюм аст, ки дар шаҳри Клини вилояти Москва ба таъмири хонаҳои шахсӣ машғул мебошад. Забони русиро таври қаноатбахш медонад, муошират карда метавонад.

Файзалӣ Аброров, истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод буда, ба вилояти Курск раҳсипор аст. Ӯ устои хиштчин мебошад, сертификати касб дорад. Ҳамасола ба таъмири хонаҳои шаҳрвандон машғул аст.

Абдуқодир Ҳалимов, аз ноҳияи Ҳисор, маротибаи дуюм аст, ки ба шаҳри Москва рафтанист. Ӯ дар яке аз ширкатҳои сохтмонии он нияти кор карданро дорад. Абдуқодир ба гуфтаҳои Файзалӣ  сад дар сад розӣ аст, бояд ҳар як шахс касбу ҳунар дошта бошад, забондон ва каме аз таърихи давлати Россия бохабар бошад. Худи ӯ аз касби барқчӣ бархурдор аст, аллакай дар назди роҳбарияти ширкат обрӯю эътибори хоса дорад. Пас аз кушодашавии роҳ, ният дорад боз ба ҳамон ширкат баргардад.

Шайхиддин Раҷабов, аз ноҳияи Айнӣ соли шашум аст, ки дар шаҳри Москва дар яке аз бозорҳои он фурӯшанда шуда кор мекард. Забони русиро хуб медонад. Аз ёдаш намебарорад, ки солҳои аввали дар муҳоҷират будан забонро намедонисту аз урфу одати мардуми рус бехабар буд. Дар натиҷа ба мушкилиҳои зиёде дучор шуда, ба хулосае омад, ки забони русиро омӯзад. Ба омӯзиш машғул шуд, дар як муддати кӯтоҳ забондон шуд ва манфиати онро дарк намуд. Ӯ низ мегӯяд, забонро омӯзед, баъд ба Россия сафар намоед!

Асосан муҳоҷирони корӣ ҳамин гапро мегӯянд, ки он бесабаб нест. Аввал забон омӯзед, омода шавед, сипас ба сафар бароед! Ба болои ин гуфтаҳо мо афзуданием:

Шаҳрвандони азиз, пеш аз сафар ба Федератсияи Россия аз тағйиру иловаҳои қонунҳои федеролӣ ҳатман бохабар шавед! Ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Россия гирифтани Сертификати донистани забон ва Патентро фаромӯш накунед, аз қайди муввақатӣ гузаред, баъдан кору фаъолият намоед.

                                                                                                     Анвар ЮСУПОВ   

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо